Оғози марҳалаи дуюми Мактаби журналистикаи бахши телевизион
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достона).- Аз 15 то 19 декабр дар шаҳри Душанбе марҳалаи дуюми Мактаби журналистикаи бахши телевизиони лоиҳаи «Маркази рушди таҳсилоти журналистӣ» баргузор мешавад.
Тавре ки аз Созмони ҷамъиятии «Хома» хабар доданд, ҳадафи марҳалаи дуюми омӯзиш иборат аз омӯхтани усулу нозукиҳои таҳияи гузориши махсус ва такмили малакаҳои фаъолияти журналистон ва наворбардорон мебошад.
Иштирокдорони Мактаби журналистикаи бахши телевизион иборат аз 20 нафар журналисону наворбардорони шабакаҳои давлатию мустақили телевизионии кишвар бо ҳамаи намудҳои гузориш шиносоӣ пайдо мекунанд.
Дар ҳошияи Мактаби журналистикаи бахши телевизион маводҳои барои озмун пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаи озмун дар аввалҳои моҳи январи соли 2015 эълон гардида ва ғолибони он барои таҳсил ба яке аз шабакаҳои асосии телевизионҳои ИДМ фиристода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






