Оқибати фалокатовари садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 09.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ронандаи 22 — солаи мошини тамғаи OpeL Astra, сокини ноҳияи Ҳисор Мӯҳриддин Раҳматов 7 декабр ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе сӯи шаҳри Қӯрғонтеппа аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада нақлиёташ ба канораи муҳофизатӣ бархӯрда, ба ҷар фурӯ рафт. Бар асари ин ҳодиса ронанда Мӯҳриддин Раҳматов дар маҳалли ҳодиса ва мусофири ӯ Нигораи Нурмуҳаммадзодаи 24 — сола — сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар беморхона ҷон доданд.Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Худи ҳамон рӯз ронандаи 18 — солаи мошини тамғаи OpeL Astra Мирзосаиди Фаридун, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд кӯдаки 6 — сола Салоҳиддин Бобоевро пахш намуд. Ҷабрдида бар асари ин воқеа захмҳои вазнин бардошта, дар беморхона вафот кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






