Обтаъминкунии устувор ва санитария дар Тоҷикистон

Декабрь 10, 2014 11:58

Душанбе,  10.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Имрӯз, 10  декабр,  дар  шаҳри  Душанбе ҷаласаи  навбатии Шабакаи  созмонҳои шарики  бахши  обтаъминкунии  устувор  ва санитария дар  Тоҷикистон баргузор  мегардад. Ин  чорабиниро  дафтари Оксфам  дар  ҳошияи  лоиҳаи  «Обтаъминкунӣ ва  санитария дар  Тоҷикистон» роҳандозӣ  менамояд. Барномаи  мазкурро Агентии  рушду  ҳамкории  Шветсария  маблағғузорӣ намуда ва он  зимни  ҳамкорӣ бо Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Барномаи  рушди  СММ  дар  амал  татбиқ  карда  мешавад. 
Тавре  ки   аз  Намояндаи  Оксфам   дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, дар ҷараёни  ҷаласа  таҷрибаи роҳандозии  сиёсат дар  бахши  санитария  дар  мактабҳои деҳоти  Тоҷикистон ва барномаҳои оид ба санитария ва  беҳдошт  дар  Тоҷикистон  баррасӣ  мешаванд. 
Ёдовар  мешавем, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  ҳайси 20  кишвари  истифодабарандаи  барномаи  мазкур  интихоб  шудааст. Мақсад  аз  ин  барнома беҳдошти  дастрасии  аҳолӣ  ба  оби  бехатар  ва  хидматрасонии санитарӣ, беҳбуди  тандурустӣ  ва   таҳсилот,   афзун  намудани  ҳуқуқу  имкониятҳои  занону ҷавонон  ва  дастгирии  тарзи  фаъолу  солими  зиндагӣ мебошад.

Декабрь 10, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд