Офиятбахшии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд
Душанбе, 04.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 2 декабр дар шаҳри Душанбе конфронси миллӣ оид ба баланд бардоштани сифати зиндагии шахсони имкониятҳояшон маҳдуди Тоҷикистон бо назардошти офиятбахшӣ дар сатҳи ҷамоаҳо баргузор гардид.
Конфронсро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ якҷоя бо дафтари Маркази созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҶТ ва иштироки вазоратҳои дигари дахлдор, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои маъюбон роҳандозӣ намуданд.
Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид рӯи кор овардани конфронсро фаъолона дастгирӣ намуданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Тоҷикистон офиятбахшӣ дар сатҳи ҷамоаҳо соли 1978 ба ҳайси стратегияи беҳдошти дастрасӣ ба хидматрасонии офиятбахшии шахсони имконияташон маҳдуд ва истифодаи пурраи захираҳои маҳаллӣ оғоз ёфта буд. Тайи 30 соли охир дар ҳошияи ҳамкорӣ бо созмонҳои СММ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои кор бо маъюбон офиятбахшӣ дар сатҳи ҷамоаҳо ба стратегияи серсоҳа барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони имкониятҳояшон маҳдуд, таъмини иштироки онҳо дар амри баланд бардоштани сифати зиндагӣ табдил ёфт.
Конфронс беш аз 350 нафар намояндагони бахшҳои мухталифи саросари кишвар аз рӯи масоили маъюбиятро гирд овард. Дар он масоили мухталифи маъюбият, ҳамчунин саъю кӯшишҳо ба манзури баланд бардоштани сифати зиндагии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд ва хонаводаҳои онҳо баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






