“Омӯзгори соли Тоҷикистон 2014”-даври ниҳоӣ

Декабрь 23, 2014 15:05

Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Даври ниҳоии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2014”, чанде қабл дар   Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ҷамъомад вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид иштирок кард. Озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон 2014” аз рўйи 7 шарт: дарси конкурсӣ аз рўйи ихтисос (45 дақиқа), муаррифии таҷрибаи корӣ (дар доираи 20 дақиқа) соати тарбиявӣ (20дақиқа), таҳлили дарс (10 дақиқа), маҷлиси падару модарон  (дар доираи 20 дақиқа), ҷавоби дуруст додан ба 10 (даҳ) савол ва кор бо компютер   гузаронида шуд. Дар интиҳои озмун ғолибон аз тарафи доварон муайян гардида, Саида Ғаффорова  дар озмуни «Муаллими сол»-и ҷумҳуриявӣ ғолиб дониста шуд. Ба ғолиби озмуни имсола-  Саида Ғаффорова аз ҷониби вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин  Саид  мукофоти  пулӣ ба маблағи (8000 сомонӣ) ва аз ҳисоби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми кишвар 1000 сомонӣ ҳадя гардид. Инчунин ба 4 нафар иштирокдори озмун аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар як ададӣ компютер бо мукофоти пулӣ эҳдо гардид,   3 нафар бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»  ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуд.

Декабрь 23, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад