Омодагии Воҳиди махсуси ВКД барои қабули меҳмонон
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи равон муоинаи сафороии ҳайати шахсии Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр доир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки бо дастгирии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми ҳайати шахсии Воҳиди махсус бо либоси зимистона таъмин гардида, бо шароити мусоиди хизмат фаро гирифта шуд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба макони нав кӯчонида шудани Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ, ҷойи хоб (казарма)-и кормандони хадамоти патрулӣ-пайроҳадорӣ, ошхона, ҳаммом, мағозаи фурӯши молҳои ҳарбӣ ва дигар иншооти Воҳиди махсус бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд.
Зимни муоинаи сафороӣ сардори Воҳиди махсус Бароталӣ Ҳамидзода барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо ба ҳайати шахсӣ супоришҳо дода, таъкид намуд, ки вазифаҳои хизматиро софдилонаю содиқона иҷро намоянд. Қобили зикр аст, ки Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз сохторҳои мақомоти милитсия мебошад, ки дар таъмини амният ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳангоми ҳаракати Сарвари Давлат, пешвоз ва гуселонидани меҳмонони олиқадр, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши арзанда дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






