Ошкоршавии ҷиноятҳои авбошӣ

Декабрь 15, 2014 16:30

Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: Маъруф Турабоев, Умедҷон Сафаров, Идрис Шоимов, соли таваллудашон 1994, Мардонбек Мениқулов, соли таваллудаш 1995 ва Умедҷон Сафаров, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Шаҳритуз ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд. Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дастгиршудагон дар ҳудуди деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Шаҳритуз дар маъракаи тӯйи шаҳрванд Музаффар Чориев, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо шаҳрванд Мақсуд Чориев, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳия хархаша карда, ӯро латукӯб намудаанд. Дар натиҷа М. Чориев ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Ҳамчунин муайян гардид, ки шаҳрвандон Фирӯз Каримов, соли таваллудаш 1981, Фирдавс Каримов, соли таваллудаш 1982 ва Фараҳманди Маҳмадулло, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Варзоб дар ҳудуди деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо шаҳрвандон Султон Раҳмонов, соли таваллудаш 1983, Субҳон Раҳмонов, соли таваллудаш 1984, Наврӯз Раҳмонов, соли таваллудаш 1982 ва Лутфия Муъминова, соли таваллудаш 1983, сокинони деҳаи Чағатай вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ дашномҳои қабеҳ гуфта, якдигарашонро латукӯб намудаанд. Дар натиҷа Л. Муъминова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Декабрь 15, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд