Ошкоршавии сӯиқасд ба куштор
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор шаҳрванд Муҳаммад Тағоев, соли таваллудаш 1980, корманди ширкати “Ориёно”, сокини кӯчаи Одинаеви ҳамин ноҳия дастгир гардид.Назар ба иттилои ВКД ҶТ, номбурда дирӯз, соати 12:30 дақиқа, аз рӯи хусумати пешакӣ бо истифода аз корди ошхонагӣ ба бадани ҳамкораш Музаффар Ғафуров, соли таваллудаш 1960, сокини деҳаи Чироғчӣ зада, қасди куштор намудааст. Дар натиҷа М. Ғафуров ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






