Ошкоршавии таълимоти ғайриқонунии динӣ
Душанбе, 17.12.2014.( АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Комилҷон Аҳроров, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир шуд, ки ӯ муддати 6-сол дар манзили истиқоматиаш бо таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буда, ба ноболиғон: А.М. соли таваллудаш 1997, А.Ҳ. соли таваллудаш 2001, Р.Қ. соли таваллудаш 2001, А.У. соли таваллудаш 2001, сокинони ҳамин ноҳия ва С.А. соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Ромит дарсҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ медодааст.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, ҳамчунин дар ин рӯз шаҳрванд Саидмуъмин Рашидов, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир шуд, ки ӯ муддати 5 сол дар манзили истиқоматиаш бо таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буда, 13 нафар ноболиғро аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба азобу уқубат гирифтор намуда, ба онҳо бо тариқи лату кӯб таълимоти ғайриқонунии динӣ меомӯзонидааст.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






