Пайравӣ ба ниёгон: “Падармурдаро соя бар сар фикан…”
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии мактаб — интернати №4 деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикободро ба уҳда дорад ва дар арафаи ҷашнҳои милливу динӣ ба ин мактаб-интернат дасти кумак дароз менамояд.
Дар партави ташаббус ва ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону ниёзмандон ин навбат низ дар арафаи истиқбол аз соли нави 2015 кумита ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати мазкур кумакҳои ғизоӣ дар намуди орд, шакар, биринҷ, гӯшт, анвои шириниҳо, инчунин либоси зимистона тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол кумита барои толибилмони мактаб-интернат хобгоҳи замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароити лозимиро мавриди истифода қарор дод.
Дар мактаб-интернати №4 деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод 41 нафар ятим ва хонанда аз оилаҳои ниёзманд ба таҳсил фаро гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






