Панҷакент: намоиши дастдӯзиҳои занон
Панҷакент, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дирӯз дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Нури умед» намоиши ҳунарҳои занони деҳот баргузор гардид. Намоиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Зан — замин — зиндагӣ», ки бо дастгирии Ассотсиатсияи «Дӯстони «Нури Умед»» (Швейтсария) ба роҳ монда шудааст, сурат гирифт. Дар намоиш дастдӯзиҳои занон, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, ҷомаю тоқидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои занони деҳоти Панҷакент ба маъраз бароварда шуданд.
Саломат Аёзова, роҳбари ташкилоти «Нури умед» ҳадафи фаъолияташонро дастгирии занҳо, муайян ва пайдо кардани занони ҳунарманд, баланд бардоштани савияи дониши занон, омӯхтани донишҳои кишоварзӣ унвон намуд.
-Ин намоиш як ҷамъомади ҳисоботии мо дар назди мардум буд, — таъкид кард Саломат Аёзова.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






