Панҷакент: Рӯзи геологчиён таҷлил шуд
Панҷакент, 9.12.2014. (АМИТ «Ховар»,Гулбаҳори Худойбердӣ).-9 декабр ҳамасола рӯзи кормандони соҳаи геология таҷлил мегардад. Вобаста ба ин рӯз дар КВД «Экспедитсияи иктишофии геологии «Моғиён» дар шаҳри Панҷакент чорабинии идона доир шуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвиз Шодиев табрикоти раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Панҷакентро ба ҳозирин расонид.
Баъдан роҳбари КВД «Экспедитсияи иктишофии геологии «Моғиён» дар шаҳри Панҷакент Абдусалом Ғаффоров доир ба фаъолияти 11 моҳаи корхона ҳисобот дода, гуфт, ки дар 11 моҳи соли равон 960 000 сомонӣ маблағи буҷавӣ аз худ карда шуд, ки ин 186%-ро ташкил медиҳад.
Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ кормандон ва собиқадорони соҳа тухфаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






