Панҷумин вохӯрии муовинони ВКХ-и кишварҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 2.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 28 ноябри соли 2014 дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (ММДБОМ) ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон 5-умин вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ намояндагӣ кард.
Ба сифати меҳмонони махсус дар вохӯрӣ намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон Николас Хейсом, ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Енс Тойберг-Франзен, инчунин роҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ча ҳузур доштанд.
Ширкаткунандагони вохӯрӣ оид ба роҳҳои таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ, инчунин дурнамои рушди вазъият дар минтақа дар пасманзари хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин росто, ширкаткунандагони чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти ММДБОМ-ро дар соли гузашта мавриди баррасӣ қарор дода, нақшаҳои марказро барои солҳои 2015-2017 баррасӣ намуданд. Муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа инчунин мулоҳизаҳои хешро оид ба Барномаи нави амали ММДБОМ барои се соли оянда иброз намуданд.
Дар чаҳорчӯби вохӯрии мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон Николас Хейсом ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Енча мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуд, ки зимни онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо чолишҳои мавҷуда ва хатарҳои имконпазир ба амният ва суботи минтақа мавриди табодули назар қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






