Парламент ҳайати нави КМИР ҶТ-ро тасдиқ кард

Декабрь 9, 2014 12:19

Душанбе, 9.12.2014.(амит „Ховар“, Марзия Саидзода).- Парлумони Тоҷикистон 9 декабр дар асоси пешниҳоди Президенти кишвар ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раис, муовини раис ва аъзои ин ниҳоди масъул ба баргузории интихобот дар мамлакатро тасдиқ кард. Ҳамин тариқ, тибқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи баъд аз эълон шудани интихобот интихоб гардиданд. Дар асоси пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Шермуҳаммад Шоҳиён /ғайриҳизбӣ/ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, Саидбой Зокиров -муовини раиси КМИР /раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд/, инчунин Вера Наимова /дотсенти кафедраи маданиятшиносӣ, омӯзгорӣ ва равоншиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Муҳистон Азизова /директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и шаҳри Турсунзода/, Изатулло Алиев /директори дирексияи муассисаи давлатии фарҳангии фароғатии „Пойтахт-80“/, Олима Ёрматова /директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и шаҳри Душанбе/, Акбаралӣ Сатторов /раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон/, Нуралӣ Саидов- котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиё Раҳмон /муовини директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, Ҷамолиддин Маҳмудов/мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон/, Маҳмадёр Раҷабов /мудири қафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон/, Юсуфбек Шодмонбеков -мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Назаршоев, Ҷамшед Ҷамшедов / котиби илмии Институти фаласа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Академик Баҳовуддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ/, Муҳаммадборон Зоиров /сардори шуъбаи корхонаи воҳиди давлатии оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ/ ва Муҳаббат Файзова /раиси ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон/ аъзои КМИР интихоб гардиданд. Хабарнигори АМИТ „Ховар“ иттилоъ медиҳад, ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии кишвар, назири Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Хизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки расман ба бақайд гирифта шудаанд, шомил мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки Шермуҳаммад Шоҳиён- раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриҳизбӣ буда, дорои унвони ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон аст. Мавсуф аз моҳи феврали соли 2011 дар вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Декабрь 9, 2014 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд