Парлумон ба кодексҳои андозу гумрук тағийрот ворид менамояд
Душанбе, 8.12.2014.АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки фардо Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва ба тасвиб расонида шавад. Масъалаи мазкур 8 декабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, муҳокима шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андозу гумрукро баррасӣ намуданд.
Инчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо дар ҷаласаи Шӯро муҳокима шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






