Парлумон лоиҳаи қонуни нафт ва газро қабул менамояд
Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» 22 декабр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ намуданд.
Инчунин дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуданд.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон инчунин Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ, Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро баррасӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






