Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,5 фоиз афзуда, ба 6’555 млн. сомонӣ баробар шуд. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар таркиби бақияи пасандозҳо дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 36% ё 2,3 млрд. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64% ё 4,2 млрд. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд. Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар ин давра бо пули миллӣ 15,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,98 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 68%паст ва 36% баланд мебошанд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






