Патенти нав барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Декабрь 24, 2014 10:31

Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи меъёрҳои қонунгузории муҳоҷиратии нав аз 1 январи соли 2015 шарҳвандони хориҷие, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Русия  ворид мешаванд, метавонанд дар асоси патент ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ низ фаъолият кунанд. Ин навоварӣ танҳо ба щаҳрвандоне, ки бе раводид ба қаламрави Русия меоянд, тааллуқ дорад.
Тавре ки  котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Иброҳим Аҳмадов  иттилоъ дод, воридшавии ин меъёр аз як тараф квотаи ҷалби коргарони хориҷиро дар ФР бекор намояд, аз лиҳози дигар низоми барасмиятдарории патентро мураккабтар мекунад. Ҳамзамон барои муҳоҷирони меҳнатӣ талаботи нав, муҳлатҳои маҳдуд муайян  шудаанд, ки ҳангоми фаъолияти қонунии шаҳрвандони хориҷӣ масрафи маблағи иловагиро ба миён меорад.
Дар асоси муқаррароти ин қонун субъекти хоҷагидор (кордиҳанда) ва ё фармоишгари кору хизматрасонӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки қаблан муҳоҷирони меҳнатиро ғайриқонунӣ ба қор ҷалб мекард, наметавонад минбаъд шаҳрвандони хориҷиро тибқи қонунгузории нав ба кор қабул намояд.
Бино ба гуфтаи И.Аҳмадов, барои гирифтани патент шаҳрванди хориҷӣ дар муҳлати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи воридшавӣ ба қаламрави ФР шахсан ва ё ба воситаи субъекти ваколатдори идораи ФР ба мақомоти минтақавии ҳокимияти маҳаллии соҳаи муҳоҷират ариза оид ба додани патент шиносномаи хориҷие, ки дар ФР эътироф шудааст,  корти муҳоҷиратӣ, ки мақсад воридот ба қаламрави Русия «кор» қайд  шуда бошад, қайди муҳоҷиратӣ бо суроғаи ҷойи иқомат, надоштани доғи судӣ, суғуртаи ҳатмии тиббӣ, ки аз ҷониби ширкати суғуртаи ФР эътироф шуда, тамоми давраи фаъолияти меҳнатии муҳоҷири меҳнатиро дар бар гирифта бошад, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиснои касалиҳои нашъамандӣ, касалиҳои сироятӣ, ки номгўи онҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Ҳукумати ФР тасдиқ  шудааст, Сертификати надоштани бемориҳои масъунияти бадан (ВИЧ-инфексия), ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ФР дода шудааст, супоридани андоз аз даромад,  сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи ФР, шартномаи меҳнатӣ бо кордиҳанда, ки аз ҷониби нотариус тасдиқ шуда бошад, пешниҳод мекунад. 
Иброҳим Аҳмадов гуфт, ки қонунгузории нав ба ҳар як субъекти федералӣ салоҳият додааст, ки мустақилона маблағи андози моҳона аз фаъолияти меҳнатиро муайян намояд. Аз рўи маълумотҳои пешакӣ ҳукумати шаҳри Маскав маблағи андози моҳонаи патентро ба миқдори 4000 рубл муайян кардааст, ки дар дигар субъектҳои федералӣ низ аллакай ин андоз муайян шудааст, таносубан 2400 рубл дар Екатеринбург, 3000 рубл дар Санкт-Петербург ва ғайра мебошад.
Бояд гуфт, ки муҳлати ба расмиятдарории патент  30 рўз муайян карда шуда, дар ҳолати гузаронидани ин муҳлат ҷарима ситонида мешавад.
Дигар масъалаи муҳим- ин тасдиқи надоштани доғи судӣ мебошад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ин маълумотномаро аз мақомоти дахлдори ҶТ гирифта, дар хадамоти консулгарии Сафорати ҶТ дар ФР бояд тасдиқ намоянд.
«Тибқи қонуни қабулшуда, ба ҳар як мақомоти ҳокимияти иҷроияи субъекти федералӣ иҷозат дода шудааст, ки додани патентро ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар қаламрави субъекти федералӣ маҳдуд намояд. Инчунин Ҳукумати ФР бо қарори худ метавонад додани патентро дар баъзе субъектҳои федералӣ ба муҳлати муайян манъ ё маҳдуд намояд»,-иттилоъ дод сарчашма.
Мувофиқи қонуни мазкур патент ба шаҳрванди хориҷӣ ба муҳлати аз як то 12 моҳ дода мешавад. Дар ин ҳолат муҳлати патент ба муддати як моҳ якчанд маротиба дароз карда мешавад, муҳлати тамдиди патент на зиёда аз 12 моҳ аз санаи додани патент муқаррар шудааст. Муҳлати патент аз рўзи пардохти андоз тамдидшуда ҳисоб меёбад. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар давоми фаъолияти яксолааш ба қонунвайронкунии маъмурӣ роҳ надиҳад, ҳамон патенташ боз барои як соли дигар дароз карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки то 1 январи соли 2015 патент гирифтаанд, то анҷоми муҳлати муқарраргардида, инчунин дар шахсони ҳуқуқӣ ва субъектҳои хоҷагидор истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи кории муҳлаташ дусола ва сесола доранд, он то ба охир расидани муҳлат мавриди истифода қарор мегирад.

Декабрь 24, 2014 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд