Пешбарии 15 номзад аз ҲАТ ба интихоботи парлумонӣ
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани VI Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) доир гардид. Дар анҷуман Рустам Латифзода ба ҳайси раиси ҲАТ интихоб гардид. Р. Латифзода дар анҷуман зикр намуд, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ омодагӣ гирифта, бо номзадҳои арзанда дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок менамояд. Вакилони Анҷумани VI Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 нафар аъзои ҲАТ-ро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ намуданд.Бояд гуфт, ки дар ин анҷуман масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи вакилони ҳизб низ баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






