Пешбарии номзадҳо шурӯъ гардид
Душанбе, 30.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шурӯъ аз имрӯз, 30 декабри соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оғоз гардида, он 15 январи соли 2015 ба анҷом расонида мешавад. Абдуманнон Додозода -роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 рӯз пеш аз интихобот оғоз гардида, 45 рӯз пеш аз интихобот ба анҷом расонида мешавад. Субъектҳои пешбарикунандаи вакилон, яъне аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандон ба тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд, ки номзадҳоро ба ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намоянд. Ҳангоми пешбарӣ кардани номзадҳо бояд талаботи моддаи 31-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатман риоя шавад, меафзод Абдуманнон Додозода. Ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро ба ҳавзаҳои якмандатаи интихобот дар пленумҳо ё конфронсҳои шаҳрию ноҳиявии худ пешбарӣ мекунанд. Агар ҳудуди ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ ду се шаҳру ноҳияро дар бар гирад, дар ин вақт аз ду се шаҳру ноҳия ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд, ки дар пленум ё конфронси якҷоя номзадҳои худро ба ҳавза пешбарӣ намоянд ва дар ин ҳолат ҳам ба як ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ танҳо як номзад пешбарӣ карда мешавад. Дар ҳавзаҳои якмандатаи интихобот, ки як шаҳр як ҳавза мебошад ё се чор ноҳияю шаҳр як ҳавза аст, дар ҳар ду ҳолат ҳам танҳо як нафарӣ номзад пешбарӣ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки ба таври худпешбарӣ пешбарӣ мешаванд, онҳо уҳдадор ҳастанд, ки ба комиссияҳои ҳавзавии якмандатаи интихобот бо ариза муроҷиат кунанд. Инчунин дар бораи ба қайд гирифтани номзадҳои онҳо ва аз ҳавзае мехоҳанд, ки номзади худро пешбарӣ намоянд, бояд на кам аз 500 нафар овози интихобкунандагони ҳавзаро ҷамъоварӣ намоянд. Бояд тазаккур дод, ки 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат буда, аз тариқи баргузории интихобот ба муддати панҷ сол интихоб мешаванд. Синни вакили Маҷлиси намояндагон бояд аз 25 боло буда, синни ниҳоии онҳо пешбинӣ нагардидааст. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 22 нафараш тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот интихоб мешаванд. Дар иртибот ба баргузори интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатаи интихобот таъсис дода шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






