Пешбарии номзадҳои ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани XI Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) таҳти роҳбарии раиси он Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар анҷуман 28 нафар аъзои ҲНИТ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.
Раиси ҲНИТ дар ин анҷуман сухан гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишварамон душвориҳои зиёдеро пушти сар кард, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи сиёсӣ ва дахолати бегонагон неруҳои асосии кишвар натавонистанд бо муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ мушкилоти дохилиро ҳал намоянд. Бо лутфи Худованд ва хиради азалии миллати тоҷик, инчунин иродаву садоқати фарзандони асили миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, огоҳиву ватандӯстии неруҳои сиёсии кишвар, миллат аз он бунбаст берун рафт ва пеши роҳи парокандагии миллат ва пошхӯрии давлат гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар анҷуман инчунин масоили мавриди таваҷҷуҳи вакилони ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






