Пешгирӣ аз истифодаи маводи тиракунандаи ақл
Душанбе, 16. 12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзодаи шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.Назар ба иттилои маркази матбуоти АНМН, вохӯрии мазкур дар муҳити ошкоро ва ба таври суҳбат баргузор гардид, ки дар он бештар масъалаҳои беҳудагардии ҷавонон, истифодаи маводи тиракунандаи ақл, аз қабили нос, сигор, машруботи спиртӣ, маводи нашъадор, даст задани духтарон ба корҳои ношоиста, ҳузури донишҷӯён дар марказҳои дилхушӣ, бемориҳои сироятӣ ва дигар амалҳои номатлуб матраҳ гардиданд. Бояд зикр намуд, ки дар вохӯрӣ зиёда аз 200 нафар донишҷӯ фаъолона ширкат варзид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






