Пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар Восеъ
Восеъ, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Масъулини қисми мустақили 41-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Восеъ дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррасро анҷом доданд. Ба қавли сардори хадамот Ҳоким Назаров дар ин муддат дар ноҳия 20 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 58 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони қисм ҳолати бехатарии зиддисӯхтории 714 иншоотро пурра ва 380 иншоотро такрорӣ санҷида, фаъолияти 433 нуқтаи барқӣ ва 463 печро, ки хавфи сар задани сӯхторро дошт, мувақатан манъ намуданд. Дар ин муддат дар ноҳия 52 санҷиши муштарак гузаронида шуда, нисбат ба 469 нафар вайронкунандаи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуд ва онҳо 47 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






