Пешгирии интиқоли маводи пиротехникӣ

Декабрь 10, 2014 15:33

Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Суғд се далели фурӯши ғайриқонунии маводи пиротехникӣ ошкор шуд. 
Аз ҷумла аз Ҳотамҷон Зокирови 20- сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд миқдори 22 000 адад маводи пиротехникӣ, аз Додо Солиеви 52- сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Конибодом дар се қуттӣ ба миқдори 1500 (ҳазору панҷсад) адад маводи тарфгарии навъи хлопушка ва аз Муҳаммад Соҳибови 52-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Конибодом ба миқдори се қуттӣ, ки 1500 дона маводи тарфгарӣ дошт,мусодира  шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 10, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст