Пешниҳоди Президенти Афғонистон
Душанбе,16.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Афғонистон дар мулоқот бо генералҳову афсарони воломақоми артиши кишвар дар шаҳри Кобул вохури намуда, аз афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард ва аз сохторҳои қудратӣ барои ҳамоҳанг набудани фаъолияташаон интиқод кард. Сарвари Афғонистон ҳамчунин изҳор намуд, ки ба хотири таъмини ҳамоҳангии бештари ниҳодҳои қудратӣ дар шаҳри Кобул як гарнизони нав таъсис дода шавад.
Душанбе,16.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар зарфи 24 соати гузашта дар Сурия даргириҳо дар шимолуғарби кишвар тақрибан 200 нафар кушта шудаанд.Гуфта мешавад, ки водӣи Заиф ва пойгоҳи дигар бо номи Ҳамидияро дирӯз аъзои Ҷабҳаи ал-Нусра, як созмони шарики Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав ишғол кардаанд.
Душанбе,16.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Пешовари Покистон дар мактаби ибтидои 104 нафар,кушта шуда, аз ҷумла 84 кӯдак ва 56 нафар калонсол мебошанд. Гуфта мешавад, ки ҷунбиши Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Мувофиқи иттилои Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП), Муҳаммади Хуросонӣ ин ҳамла дар посух ба амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Вазиристони Шимолӣ баргузор гаштааст.
Душанбе,16.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Таййб Эрдуғон аз юриш ба расонаҳои наздик ба фаъоли сиёсии мухолифи ҳукумати Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен ҳимоят намуда ва интиқоди Иттиҳодия Аврупо дар ин робитаро радд кардааст. Раиси ҷумҳури Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро ба таъсиси ниҳодҳои параллел дар қуваи қазоия ва пулис ва ҳамчунин талош нуфуз пайдо кардан дар расонаҳо, муттаҳам мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






