Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс

Декабрь 11, 2014 16:57

Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс, ки байни кишварҳои тавлиди нафт дар шаҳри Белоярскийи Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки барои бори 12-ум ба хотираи аввалин кашшофи нафти Югорск Фармон Салмонов байни мардону занон сурат гирифт, 126 муштзан аз 18 кишвар (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Полша, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистан, Украина, Чехия, Чин, Шветсия) ширкат доштанд. Ба ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон панҷ мард — Файзмамад Малахбеков (52 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шавкатҷон Раҳимов (64 кг) , Ҷаҳон Қурбонов (91кг), Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) ва як зан — Мавзуна Чориева (60 кг) дохил буданд.
Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кг баъди ду ғалаба бар Авак Узляни русиягӣ ва Салмон Иброҳимови озарбойҷонӣ  ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Шаҳром Ғиёсови ӯзбекистонӣ шикаст хӯрда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Варзишгари дигари тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки бо лақаби «Гулливери тоҷик» маъруф аст, дар вазни беш аз 91 кг барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан бар Александрас Барановаси литовӣ  ғолиб омада, баъдан аз Баҳодур Ҷалолови ӯзбекистонӣ мағлуб шуда. бо медали биринҷӣ қаноат кард.
Гуфта мешавад, ки муштзанҳои тоҷик соли 2015 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ширкат меварзанд. Инчунин онҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза хоҳанд бурд.
 

Декабрь 11, 2014 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад