Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Ҷоми «Хон Манас»

Декабрь 26, 2014 09:41

Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми «Хон Манас” дар Бишкек ҳашт медал (4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори панҷум барпо гардид, 180 нафар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Эрон ширкат доштанд. Дар он занон дар 7 вазн ва мардон дар 8 вазн рақобат карданд. Дар сабқати занона Мавлуда Саъдуллоева дар вазни 52 кг бо медали нуқра ва Фазилат Гулбоева дар вазни 57 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар сабқати мардона Салмон Раҳмихудоев дар вазни 66 кг, Ҳамроҳ Раҷабов дар вазни 73 кг ва Ғиёсиддин Раҷабзода дар вазни 81 кг бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Се нафари дигар — Меҳроҷ Ғафуров дар вазни 60 кг, Рашиди Шодибек дар вазни 90 кг ва Рауф Зиёбеков дар вазни беш аз 90 кг барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Декабрь 26, 2014 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон