Рӯнамоии “Ҷоми саргардон”
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ахиран дар Маркази миллии ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шаҳри Тошканд рӯйнамоии китоби тозанашри нависандаи тоҷикзабони Ӯзбекистон — Юнуси Имомназар, ки бо номи “Ҷоми саргардон” аз тариқи нашриёти “Tamaddun” ба чоп расидааст, баргузор шуд. Дар нишаст як идда равшанфикрони тоҷику ӯзбек ва кормандони сафорати Тоҷикистон, ки дар Тошканд фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Китоби ёдшуда ду қисса ва чанд достони кӯтоҳи нависандаро дар бар мегирад, ки ҳама хонданбоб буда, мавзӯъҳои мухталифро перомуни ҳаёти имрӯзаи инсонҳо, мушкилоти рӯзгор, лаҳзаҳои шоду андӯҳбор, андешаю тасаввуроти ранг ба ранги одамони гуногунро пӯшида дар ҷомаи бадеӣ фаро гирифтааст.
Имрӯз Юнуси Имомназар аз беҳтарин қаламкашони кишвари Ӯзбекистон ба шумор меравад ва дар рушду нумуи насри тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Ӯ бо китоби “Аз санг сахт, аз гул нозук”-и худ кайҳо боз мухлисони зиёд пайдо кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






