Рӯнамоии китоби Худоназар Асозода
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби устоди зиндаёд, профессор Худоназар Асозода бо номи “Таърихи адабиёти тоҷик” баргузор гардид. Дар маҳфил директори Китобхонаи милии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, Раҳматулло Мирбобоев муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҳамид Самадов муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Носирҷон Салимов ва ҳамкасбону дӯстон оид ба ҳаёту эҷодиёти Худойназар Асозода ва роҷеъ ба китоби мазкур андешаҳояшонро иброз намуданд. Китоби “Таърихи адабиёти тоҷик” 113 соли фарҳангиву илмии адабиёти миллати тоҷикро дар бар гирифта, аз панҷ фаслу 672 саҳифа иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки китоби мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






