Р.О.Смит: «Мо аз мавқеи Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамоем»

Декабрь 19, 2014 15:39

Душанбе, 19.12. 2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Рӯзҳои аввали таъйин шудани шумо ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон дар муносиботи Душанбе ва Лондон ҷаҳиши ҷиддие ба назар расид», гуфт зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Роберт Орд Смит -Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Британияи Кабир дар  Тоҷикистон, ки дар иртибот ба анҷом расидани ваколати дипломатияш дар Тоҷикистон 19 декабр  ба ҳузур пазируфт.
        Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносиботи зиёда аз 20 — солаи дипломатӣ дошта, дар  ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, чандин шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду давлат ба имзо расидаанд. Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаи ҳамкориро таҳия карда, ба ҷониби Британияи Кабир барои мувофиқа пешниҳод намудааст ва мо умедвор ҳастем, ки ин созишномаҳо низ аз ҷониби масъулони вазорату идораҳои дахлдори Душанбе ва Лондон ба имзо расида, ба раванди муносиботи мо такони тозае мебахшанд.
           Раиси Маҷлиси намояндагон сатҳи равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро қанотбахш арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ талош намоянд.
           Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Британия метавонад омили муҳиме ҷиҳати таҳкими равобити Душанбе ва Лондон дар соҳаҳои мухталиф гардад.
 -Парлумони касбии мамлакати мо бо таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити муносиби ҳамкорӣ бо кишвар ва созмонҳои хориҷиро фароҳам овардааст ва қонунгузории кишвари мо барои фаъолияти озодонаи намояндагиҳои созмон ва кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кафолати комилро дода метавонад,- афзуд Ш. Зуҳуров.
           Зикр шуд, ки Британияи Кабир метавонад дар бахши иқтисодӣ дар Тоҷикистон фаъолияти боз ҳам густурдаеро амалӣ намояд. Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 15 корхонаи муштараки Тоҷикистону Британияи Кабир фаъолият менамояд. Таъкид шуд, ки миёни Тоҷикистону Британияи Кабир ҳоло имкониятҳои истифода нашуда хеле зиёданд. Душанбе метавонад бо Лондон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетика, таъсиси корхонаҳои гуногуни муштарак  равобити  судмандро ба роҳ монад.
             Сафири Мухтор ва Фавқулодаи  Британияи Кабир дар Тоҷикистон Роберт Орд Смит дар навбати худ иброз дошт, ки Ҳукумати  Британияи Кабир ҳамеша омода аст бо  Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо ҳамкории густурда дошта бошад. Мо ҳамеша аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, хостори пешрафту шукуфоии ин кишвар ва баланд гардидани обрӯю нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем, — гуфт дар анҷоми мулоқот дипломати бритонӣ.             
 

Декабрь 19, 2014 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад