Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон маълум шуданд
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия дирӯз қуръакашии даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола доир гардид.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ хабар додааст, бар асоси қуръакашӣ тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D” бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб, Яман ва Шри-Ланка рақобат мекунад. Бозиҳои сабқати интихобӣ аз 23-юм то 31-уми марти соли оянда баргузор мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб мешавад. Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






