Раиси Парламенти Афғонистон ба Душанбе омад
Душанбе, 4.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шоми 3 декабр Абдул Рауф Иброҳимӣ-раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Тоҷикистон омад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Парлумони Афғонистонро муовини авали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев истиқбол намуд. Хадафи сафари Абдул Рауф Иброҳимӣ ба Душанбе тақвияти ҳамкориҳои парлумонии ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамҷавор -Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ мегардад. Интизор меравад, ки раиси палатаи поёнии Парлумони Афғонистон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, инчунин вазирони адлия Рустам Шоҳмурод ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мулоқот намуда, тавсеаи равобити мутақобилан судманди Душанбею Кобулро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ хоҳад кард. Абдул Рауф Иброҳимӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар мегузорад. Ҳамзамон ҳайати Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон дар доираи сафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии «Пойтахт-90», инчунин аз Неругоҳи барқи обии «Норак», китобхонаи шаҳри Норак боздид хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки Қонуни асосии Афғонистон -Конститутсия, ки соли 2003 дар Луи ҷирга қабул гардидааст, ташкили Парламент ё худ Шӯрои миллиро пешбинӣ намуда буд. Шӯрои миллии Афғонистон аз ду палата -Вулуси ҷирга ё Шӯрои намояндагон ва Сенат иборат аст. Дар Вулуси ҷирга вакилон тавассути баргузории интихобот дар 34 музофоти Афғонистон аз ҷониби мардум интихоб мегарданд. Вулуси ҷирга аз 249 вакил иборат буда, тибқи Конститутсияи Афғонистон дар 68 курсии он занон мешинанд, ки аз ҳар як музофот ду нафарӣ зан рост меояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






