Раиси шаҳри Сочи муҳоҷири тоҷикро қадр кард
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Шаҳри фароғатгоҳии Сочи сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторовро, ки сафари расмиашро ба кишвари Краснодар анҷом медиҳад, самимона истиқбол кард.Муовини раиси шаҳри Сочи Николай Пелих ба сафири Тоҷикистон барои меҳнати поквиҷдононаи муҳоҷирон — сохтмончиёни Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Николай Пелих зимни суханрониаш зикр намуд, ки сохтмончиёни тоҷик ба бунёди иншоотҳои олимпӣ саҳми бузург гузоштаанд. «Коргарони поквиҷдону меҳнатдӯсти Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони мо иншоотҳои варзишӣ ва инфрасохторҳои дигари шаҳри олимпии Сочиро бунёд кардаанд, ки онҳо як умр чун иншоотҳои шаъну шарафи варзишӣ ва ифтихори Русия боқӣ мемонанд», — гуфт муовини раиси шаҳр.Назар ба гуфтаи манбаъ, роҳбарияти шаҳри Сочи сафир ва ҳамсафарони ӯро бо иншоотҳои олимпӣ, маҷмааи лижаронӣ ва ҷойҳои дигари шоёни диққати округи ҷанубии Федератсияи Русия шинос кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






