Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба даст афтод

Декабрь 8, 2014 15:37

Душaнбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи   Тоҷикистон нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шарифзода Раҳим Зариф барои гирифтани пора ба маблағи  7 ҳазор доллари амрикоӣ   парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Шарифзода Раҳим Зариф бо истифода аз мансабаш моҳи августи соли равон ҳангоми баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Ф. Соҳибназаров барои бекор кардани таъйиноти додгоҳӣ, аз вай 7000 доллар талаб карда, ҳудуди 4000 долларро шахсан гирифта, маблағи 3000 доллари боқимондаро тавассути котибони маҷлиси судӣ Ҳ.Ҷ. Ҳабибов ва А.Н. Нусратуллозода аз худ кардааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Р.З. Шарифзода ва котибон Ҳ. Ҳабибов ва А. Нусратуллозода парванда ҷиноӣ боз карда, дар ин самт тафтиши пешакӣ идома дорад. 
 
 
 
 
 

Декабрь 8, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд