Рамиз Шамиров — довари дараҷаи «А»
Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Довари дараҷаи қитъавии «В» Рамиз Шамиров дар мусобиқоти Осиё аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо байни наврасон, ки дар Ҳонконг баргузор гардид, дар ҳамаи имтиҳонот барои донистани забони англисӣ, назарияи қоидаҳои дзюдо ва пайдо намудани малакаҳои амалии доварӣ комёб шуд.
Тавре ки аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, ба номбурда тасдиқномаи довари дараҷаи байналмилалии «А» дода шуд. Ин ба Рамиз Шамиров имкон медиҳад, ки довари расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқоти ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ бошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






