Равобити иқтисодии Тоҷикистону Тотористон рушд меёбад
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон ).- Мавзӯи асосии мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулрӯ Қаюмова ва муовини аввали вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Тотористон Руслан Кабиров иборат аз муҳокимаи равобити иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия буд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду ҷумҳурӣ дар бахши саноати энергетика, нафту газ, кимиё ва нассоҷӣ, мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бахшҳои илму сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории байни ҳар ду ҷумҳурӣ минбаъд ҳам ба таври судманд рушду густариш хоҳад ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






