Роҳандозии усулҳои тавонбахшии иҷтимоии ҷавонони маъюб
Душанбе, 25.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ 24 декабри соли 2014 доир гардид.
Тавре ки аз Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат иттилоъ доданд, мақсад аз вохӯрӣ шиносоӣ бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба буд.
Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби вазорат якчанд таклиф, аз қабили таъсис додани марказҳои таълимӣ — истеҳсолӣ аз ҷумлаи касбҳои қолинбофӣ, косибӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷуроббофӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайра барои занону духтарон дар деҳоти дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, роҳандозии усулҳои муосири тавонбахшии иҷтимоии ҷавонони ниёзманд, бахусус маъюбон, бо истифодаи таҷриба, дастовардҳо ва кумаки Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи Литсей-интернати касбии махсуси маъюбони вазорат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Омӯзиши таҷрибаи кори ҳунаристонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути ташкили таҷрибаомӯзии устоҳои таълимӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии низоми вазорат масъалаи дигари вохӯрӣ буд.
Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориро дар самти касбу кор, омӯзиши техникӣ ва касбӣ дар асоси созишномаю қарордодҳо, ёддошти тафоҳум ва нақшаи чорабиниҳои муштарак ба роҳ мондааст.
.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






