Рушди ҳамкориҳои ДМИТ бо ХБА
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов дар ҳузури устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар мавзӯи «Дурнамои рушди иқтисодиёти минтақавии Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон» сухан кард.
Ба иттилои сухангӯи донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров иброз дошт, ки ДМИТ бо ХБА дар ҳамкории зич қарор дорад ва ин вохӯрии дувуми намояндагони ин ташкилоти бонуфуз бо устодону донишҷӯён аст. Айдин Билолов оид ба дурнамои рушди иқтисодиёти минтақавии Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ҳолати муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи иқтисодии мамлакатҳои содироткунанда ва воридоткунанда, паст шудани қурби рубли русӣ ва таъсири он ба мамлакатҳои шарики рушд, аз ҷумла Тоҷикистонро ба таври мушаххас мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Дар охир доир ба масоили баррасишуда дар байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ба ХБА 188 давлат аъзо аст ва дар Тоҷикистон аз соли 1995 инҷониб намояндагии доимии ХБА амал мекунад. Фаъолияти асосии ХБА аз мушоҳида (мониторинг ва баҳогузории сиёсати иқтисодӣ ва молиявии кишварҳои аъзо), ёрии техникӣ ва молиявӣ иборат аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






