Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар соли 2014
Душанбе, 10.12.2014.(АМИТ “Ховар” Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар соли 2014» мизи мудаввар баргузор гардид, ки мавзўи он «Мубориза бар зидди шиканҷа дар ҷомеа» буд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буда, дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок намуда, перомуни мувафақиятҳо дар соли 2014 мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки дар як соли фаъолият Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ чандин конфронсу семинарҳо гузаронида, бештар аз 34 маротиба барои санҷиш ба маҳаллаҳои гуногун рафтааст.
Ҳамчунин роҳбари ин ниҳоди давлатӣ Зариф Ализода зикр намуд, ки ҳарчанд солҳои охир чандин қонуну санадҳои зиддишиканҷавӣ ба тасвиб расиданд, аммо то ҳол дар ин маврид қонуншиканӣ дида мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






