Сӯҳбати сафири Тоҷикистон бо Президенти Бошқирдистон
Душанбе, 04.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Чанде пеш дар шаҳри Уфа мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон Рустам Ҳамитов баргузор гардид.
Тавре ки намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Бошқирдистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти нафт, ҳамчунин танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Президент Рустам Ҳамитов сафири ҶТ дар Федератсияи Русияро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки Бошқирдистон ба рушди равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дар бахши муносибатҳои мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, табодули иттилоот аз рӯи масоили танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Сафири Тоҷикистон дар ФР Имомуддин Сатторов дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Бошқирдистон барои пуштибонии фаъолияти консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Уфа изҳори сипос карда, консули нави генералӣ Олимхон Шамсовро муаррифӣ намуд.
Сафир изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ бо Бошқирдистон дар бахшҳои кишоварзию сайёҳӣ имкониятҳои зиёде дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






