С.Тағойзода бо сафири нав вохӯрд
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода 9 декабри соли равон бо сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич мулоқот намуд.
Бино ба иттилои раёсати муносибаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақсади асосии вохӯрӣ шиносоӣ бо сафири навтаъйиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба доир гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо ба натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баҳои мусбат дода, барои ҳамкориҳои минбаъда омодагии хешро иброз намуданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи мулоқот, инчунин тарафҳо барои дастгирии моддӣ-техникӣ ва азнавкунии (модернизатсияи) Маркази таълимӣ — методӣ ва мониторинги сифати таълим, инчунин низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони вазорат аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






