Саҳми муҳоҷирон барои ободонии Ватан
Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ишкошим Мизробшо Бобаков мақсади таъсиси шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷиратро дар ноҳияҳои дуру наздик ҳамчун қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ёрӣ расонидан ба аъзои оилаи онҳо маънидод намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки имрўз ҷомеа аз он интизорӣ дорад ва бевосита саҳми худро дар рушди ҷомеа ва ободии кишвар мегузорад, ин ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои хориҷӣ доимо бо тоҷикони бурунмарзӣ вохўриҳо доир намуда, онҳоро барои иштирок дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон даъват мекунад.
Ба гуфтаи М. Бобаков саҳми муҳоҷирони меҳнатии ноҳияи Ишкошим дар рушд ва корҳои ободонию созандагӣ назаррас мебошад. Қариб нисфи зиёди биноҳои истиқоматии ҳозиразамон, дӯкону мағозаҳо аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон ба истифода дода шудааст. Хусусан саҳми муҳоҷирони деҳаҳои Шитхарв, Вранг, Андароб дар ободии маҳаллашон басо назаррас мебошад.
Хушбахтона, сафи чунин фарзандони баномус бештар гашта истодааст. Аз ҷумла, Лутфишо Ғуломшоев, сокини ноҳияи Ишкошим барои хонаи маърифатию фарҳангии маркази деҳоти Шитхарв ба маблағи 4000 сомонӣ кумак намуд, ки ин маблағ барои таъмир ва харидории иншоотҳои сохтмонӣ масраф гардид.
Муродмамад Мирзомамадов, Соҳибназар Бобопиров, Суҳроб Худобахшов, Гулмамад Мирзомамадов, Набӣ Қурбонов ва дигарон низ пайваста барои ободонии маҳалли зисташон саҳм мегузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






