Саҳми олимон дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик
Душанбе, 18.12.2014 (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). — Конфронс оид ба «Саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги халқи тоҷик» 17 декабр дар Душанбе баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби сафорати Русия дар Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониш , Академияи илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи A.Дониш Раҳим Масов, инчунин сардори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Владислав Курнушко баромад намуданд. Илова бар ин, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Нуралӣ Солиҳов қайд кард, ки нависандагони маъруф ва олимоне чун Мирзо Турсунзода, Александр Пушкин, Абӯ Али Ибни Сино, Дмитрий Менделеев, Михаил Ломоносов саҳми бузург дар рушди таърих ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.Дар интиҳои конфронс филми «Боми Ҷаҳон .Экспедитсияи Помир » намоиш дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






