Садои ҷомеа дар раванди мубориза бар зидди шиканҷа
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали Истиқлолияти давлатии худ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, меъёрҳо, принсипҳо ва арзишҳои қабулшудаи байналмилалиро эътироф менамояд ва аз ин лиҳоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 декабр расман ҳамчун Рўзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар доираи чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар ҶТ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба таҷлили «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 декабри соли 2014 дар Китобхонаи миллӣ дар мавзўи «Садои ҷомеа дар раванди мубориза бар зидди шиканҷа» мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии ҷашнии мазкур бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Эътилофи ташкилотҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа доир шуд.
Мизи мудаввар ҷамъбасти мантиқии чорабиниҳое мебошад, ки дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва аз ҷумла дар водии Ғарм, дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон баргузор гардиданд.
Зариф Ализода-Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар ҶТ, Дилшод Сафаров — муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Лилия Захариева-мушовири Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Елена Василева — намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҷиҳати риоя, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






