Сафари расмии Абдул Рауф Иброҳимӣ ба Тоҷикистон

Декабрь 2, 2014 11:32

Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-   3-юми декабри соли ҷорӣ раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар назар аст, ки Абдул Рауф Иброҳимӣ зимни сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Шукурҷон Зуҳуров, вазири адлия ва вазири корҳои дохилии кишвар мулоқот анҷом диҳад. 
Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз Неругоҳи барқи обии  Норак, Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии «Пойтахт-90» ва «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» низ боздид ба амал хоҳад овард. 
Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ ҳамчун эҳтиром ба таъриху фарҳанги тоҷикон дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон -муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. 

Декабрь 2, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад