Сафари варзишгарони тоҷик ба Оренбург

Декабрь 5, 2014 10:32

Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гӯштини камарбандӣ, ки  6-ум ва 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар мусобиқа варзишгарони Австралия, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистан, Чин, Эстония барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон мубориза мебаранд.
Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 нафар беҳтарин паҳлавонони кишвар- Имомназар Каримзода, Ҳусниддин Тошмуродов ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Рӯзи аввали мусобиқа — 6-уми декабр паҳлавонон аз рӯи намуди гӯштини қазоқии «курес” ва рӯзи дувум — 7-уми декабр — оид ба гӯштини камарбандӣ қувваозмоӣ мекунанд.
 
 
 
 

Декабрь 5, 2014 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад