Сайқалгаҳи ҳунару истеъдод

Декабрь 30, 2014 09:28

Ҳисор, 30.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).- Таърихи таъсис, ташаккул ва саҳми бесобиқаи хонаҳои пионерӣ,  маркази эҷодии кӯдакону наврасон ва муасисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Ҳисор дар як ҳамоиши судманд мавриди баррасӣ ва қадрдонӣ қарор гирифт. Муовини раиси ноҳия Умеда Абдуллоева, директори  муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар  назди  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Холназаров, директори Маркази санъат ва  эҷодии  кӯдакон ба номи Парии  Ҳисорӣ Мирзомурод Боев, таърихнигор  Зафар Дӯстов, санъаткор Парвиз Пӯлодӣ дар бораи аҳамияти муассисаҳои  таҳсилоти иловагӣ, омӯзиши ҳунарҳои гуногун дар маҳфилҳо сухан гуфтанд.
Омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун, сайқал додани истеъдоди фитрии кӯдакону наврасон, муҳайё кардани шароити мусоид ва ҷалби наврасон ба маҳфилҳои омӯзишӣ аз  вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти иловагист. Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию шавқовар на танҳо руҳи наврасонро баланд мебардорад, балки онҳоро ба қуллаҳои баланди илму маърифат ва касбу ҳунар роҳнамоӣ месозад.

Декабрь 30, 2014 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад