Самаранокии идораи молиявӣ
Душанбе,16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-13 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи менеҷменти молиявӣ ва факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар мавзӯи «Самаранокии идораи молиявӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. Тавре ки сухангӯи донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, ноиби ректори донишкада оид ба илм Ғиёсиддин Ашӯров зикр намуд, ки шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки дар мамлакат низоми идораи молиявии самарабахш ташкил шавад. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, роҳбари маркази таълимии ҶСК «Агроинестбонк» Баҳром Шарифов оид ба мавзӯи «Муаммоҳои идора дар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр сохт, ки вобаста ба рушди ҷомеа дар назди иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус самти бонкдорӣ вазифаҳои масъулиятнок ва мушаххас истодаанд. Дар айни замон сиёсати бонкии кишварро асосан 5-6 бонки намоён пеш мебарад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






