Семинари бозомўзӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ
Душанбе, 20.12.2014. (АМИТ «Ховар»,Назири Назир).-Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи кумита аз тарафи Бахши робитаҳои байналмилалӣ семинари омўзишӣ дар мавзўи «Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.
Сардори бахш Музафар Салимов зикр кард, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои мухталифи он, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад. Ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои мухталиф ба баланд бардоштани самарабахшии аксари қарорҳои қабулгардида ва татбиқи тадбирҳо оид ба беҳбуди муҳити зист дар кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар бораи ҳамкориҳои мутақобилаи кумита бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла иштироки роҳбарият ва кормандони кумита дар конфронсҳои байналмилалӣ ва машварату вохўриҳо бо намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Зимни бозомўзӣ иштирокчиён доир ба мавзўи мазкур муҳокимаронӣ доир намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






