Ш. Шабдолов созишномаи ҳамкориро эътироф накард
Душанбе, 17.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тоҷикистон бо Латвия ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир тақвият мебахшад. Дар иртибот ба ин 17 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳоро баррасӣ намуда, ба тасвиб расонданд.
Искандар Солеҳзода -муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумон ин санадро тавзеҳ дода гуфт, ки он аз муқаддима ва 15 модда иборат буда, 10 июни соли 2014 дар Душанбе ба имзо расидааст. Созишнома дар пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳои муташаккилона, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон, хариду фурӯши одамон, маблағгузорӣ ба терроризм, табодули иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистону Латвия нақши муҳим мегузорад.
Бояд зикр кард, ки вакили Маҷлиси намояндагон Шодӣ Шабдолов зимни баррасии созишномаи мазкур зидди тасдиқи он баромада, ин санадро эътироф накард. Мавсуф гуфт, ки масъалаи терроризмро дар ҷаҳони муосир ҳар кас ба таври худаш шарҳ медиҳад. Дар кадом давлате, ки инқилоб нашавад, онро кори дасти террористҳо медонанд. Шабдолов афзуд, ки терроризм мавзӯест, ки дар он мавқеъҳо гуногун аст. Вай ҳодисаҳои Украинаро мисол оварда, таъкид кард, ки онҳое, ки бо яроқ ватанашон, забони давлатӣ ва фарҳангашонро ҳимоят мекунанд, террорист ва онҳое, ки болои сари мардуми осоишта бо мушакҳои БУК ҳамла мекунанд, демократ мебошанд.
Дар ин ҳол Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар ин санад сухан дар бораи ҳамкорӣ байни полиси Латвия ва мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, пешгирӣ, кушодани ҷиноятҳо, табодули иттилоот, ҳифзи маълумоти шахсӣ дар асоси қонунгузориҳои миллӣ ва меъёри санадҳои байналмилалӣ меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






